Ба дунёӣ ?данӣ бигзор ҷисми пой дар гул ро
Ки натавон рости гардонӣдани ин девори моил ро
Мада дар олами пуршӯри домони ризо аз каф
Ки соҳил мекунад таслими ин дарёии ҳоил ро
Машав дар хокдони олам аз ёди худои ғофил
Ки нури зикр , гавҳар мекунад ин муҳраи гул ро
Тан бемаърифат нагузошт дилро сари буруни орад
Замини шӯр дар худ маҳв созад тухми қобил ро
Нагардад боиси осӯдагии наздикии дарё
Забони шиква аз хошок бисёраст соҳил ро
Бало бар аҳли ғифлат аз дару девор май борад
з ҳар хории хатар чун тир бошад сайди ғофил ро
Чаҳ донад пайкари афсурдаи қадари рӯҳро соиб ?
зи Лайлии баҳрае ғайр аз гаронӣ нест маҳмил ро