Муҳайё дар дил тангаст барги айши булбул ро
зи худ тарафи кулоҳи ғунча берун оварад гул ро
Таровуш мекунад рози ниҳон аз меҳри хомӯшӣ
Ки шабнам нест аз парвози монеъи накҳати гул ро
Нагардад хоб аз афсонаи гирди дидаи ошиқ
Ки натавонад баҳорон кард сангин , хоби булбул ро
зи оҳи сарди ҳам ҷамъият дил мешавад ҳосил
Насими субҳ агар шероза гардад зулфи сунбул ро
Камони нарм , сахтӣ аз кашокаш мекашад доим
Мабар бо ошноён зинҳор аз ҳади таҳаммул ро
Дили сахти фалак аз ашки гарми ман мулоим шуд
Ба зӯри сайл зиҳ кардам камони ҳалқаи пул ро
Мурувват нест бар сайди ҳарами шамшер хобондан
Макун рангин ба хӯни ошиқони теғи тағофул ро
Бурун аз зери санги ин сунбул сероб ме ояд
Ниҳон дар печиш дастор натавон кард кокул ро
Ба парвин май расонади донаи ман хӯшаи худ ро
Тараққӣ ҳаст агар дар пилаи толеъи таназзул ро
Замини суст , сайлоб иморат мешавад соиб
Манеҳ бар коҳилии зинҳори бунёди таваккул ро