На ҳарки хоҷа шавад банда парварӣ донад

На ҳарки гарданӣ афрохт сарварӣ донад

Куҷо ба маркази ҳақ роҳ метавонад барад

Касе ки гардиши афлок срсрӣ донад

Чу соя аз пай дилдор меравад дилҳо

Зрўрнист ки маъшӯқ дилбарӣ донад

Касе ки хурдаи ҷонро з рӯй сидқ кунад

Нисори симбрӣ кимиёгарӣ донад

Нагашта аз назари шӯри халқи дунбаи гудоз

Ҳилоли иди куҷои қадар лоғарӣ донад

Нагаштааст ба сангини дилони дучор ҳануз

Куҷост гавҳари мо қадар ҷавҳарӣ донад

Касеаст ошиқи содиқ ки аз ситамкорӣ

Ситам ба ҷон накашӣдан ситамгарӣ донад

Дилӣ ки равшанӣ аз серума сулаймон ёфт

Сароби бодияро ҷилва парӣ донад

Ту саъй кун ки дарин баҳри нопадиди шӯй

Вагарна ҳар хаси вхорӣ шиноварӣ донад

Фиреби зулфи ту дар ҳеҷ сина дил нагузошт

Ки дидаи мор ки чандин фусунгарӣ донад

Тамом шуд сухани тӯтӣон ба як маҷлис

На ҳршкстаҳи забонӣ суханварӣ донад

Чу Зуҳра ҳар ки ба асбоб ноз мағрураст

Ситораҳои фалаки ҷумла муштарӣ донад

Касе миёнаи аҳли сухан илм гардад

Ки ҳамчуи хомаи соиб суханварӣ донад