Агар озода Эй бигзор асбоби таҷаммул ро

Ки бебаррагӣ ба сомон мекунад кори таваккул ро

зи ҷамъияти дили сад пораи ошиқ хатар дорад

Камар бастани барад аз боғи беруни дастаи гул ро

Нафас дар суҳбат бенисбат аз ман барнаме ояд

Ҳузур зоғ бошад серумаи овози булбул ро

Маро тарсанд аз теғи тағофули ёр , азин ғофил

Ки сабр ман кунад дандонаи шамшери тағофул ро

Чунон аз шарми зулфаш об шуд дар чашмаҳо сунбул

Ки натавон имтиёз аз мавҷ кардани зулфи сунбул ро

Тавозуъи пешаи худ сохтам бо хасм , то дидам

Ки шуд сайлоби хоки роҳ бо қади ду то пул ро

Чунон каз теғи худ кӯҳи гарон бар худ наме ларзад

Насозад музтариби ҷаври фалаки аҳли таҳаммул ро

Надорад ҳасани пинҳони ҳеҷ розии соиб аз ошиқ

Ки дорад булбул аз бар сар ба сари маҷмӯъаи гул ро