Ба дунёи сохтам машғӯли чашми равшани дил ро

Ба ин як мушти гул масдӯд кардам равзани дил ро

Надонистам ки хоҳад рафт чандини хор дар поем

Шикастам бесабаб дар хирқаи тани сӯзани дил ро

Фиреб ҷисм хӯрдам , киштем дар гул нишаст охир

намемондам ба ҷо , гар мегирифтам домани дил ро

Марогар ҳизум дӯзах кунад афсӯс , ҷо дорад

Ки бебарг аз самар кардам ниҳоли эмини дил ро

Дилӣ аз санги хоро , гӯшӣ аз оҳан ба даст овар

Ки бо ин гӯш ва дил натавон шунидани шевани дил ро

Надонистам ки хоҳад шуд сияҳи олам ба чашми ман

Абас бар бод додам накҳати пероҳани дил ро

Ҳаёти ҷовдонӣ аз худо чун Хизр ме хоҳам

Ки пок аз сабзаи бегонаи созами гулшани дил ро

Хирадро шҳпри парвоз аз ратл гарон бошад

Нагирад кӯҳи ғами домон аз худ рафтани дил ро

намешуд хушк чун дасти бахилони пардаи чашмат

Агар медид як бори офтоби равшани дил ро

Нзрпрдоз шуд чун серумаи мағзи устихони ман

Ба оҳи оташин то нарм кардам оҳани дил ро

зи оташи талъатони боғу баҳории доштами соиб

Надидам рӯзи хуш то сард кардам гулхани дил ро