Ҷамолро нигаҳи талх ӯ ҷалол кунад

Ҳаромро лаб мегаван ӯ ҳалол кунад

Забони барги гул аз хӯни гарми булбули сӯхт

На хӯни мост ки ҳар хор поймол кунад

Хам сипеҳр наёвард тоби бодаи ишқ

Дили шикаста чаҳ миқдор эҳтимол кунад

Бар он ниҳоли ръўнт ба барг коҳӣ нест

Гудози ғайрат агар сарвро хилол кунад

Шикастааст зи баси устихони ман тарсам

Ки ҳамчуи сояи ҳуморо шикаста бол кунад

Сароби ташнаи лабиро ғубор миннат нест

Фурӯ равад ба замин ба ки кас савол кунад

Самоъи ахтари вчрхи фалаки зи нолаи мост

зи ҷӯши фохтагони сарви ваҷд ва ҳол кунад

Равони тираи ман оби хешро соиб

Магар ба лангари астодгӣ зулол кунад