Касе ки куштаи он теғ обдор шавад

Агар чаҳ қатра буд баҳр бикнор шавад

Муҳӣти ҳасани зи хати анбарин канор шавад

Ақиқи лаби зи хати сабз номдор шавад

Агар ба сайди забуни теғ ӯ кунад иқбол

зи хӯни сайди ҳарами каъбаи лола зор шавад

зи роми гаштани оҳӯ ба суҳбати Лайлӣ

Ба он расида ки маҷнӯн умедвор шавад

Касе ки дар ҷигараш ҳаст хори хорглӣ

Ғамаши зи нолаи булбули яке ҳазор шавад

Ҳануз хати туро ибтидоӣ нашав внмост

Куҷост ҷавҳари ҳасани ту ошкор шавад

зи бахт тира надорад гурези аҳли сухан

Сиёҳи рӯзи ақиқӣ ки номдор шавад

Ба нӯшханд ҳаловат макун даҳани ширин

Ки бодаи талх чу гардид хушгувор шавад

Яке ҳазор шуд аз қамарёни ръўнти сарв

Алиф чу нуқта биёбад яке ҳазор шавад

Маро шуд аз клФи моҳи равшани ин маънӣ

Ки дил , сиёҳи зи ташриф мустаъор шавад

Дарин бисот касе моя дор ме гардад

Ки нақди зндгиши харҷ интизор шавад

Масеҳи брФлк аз роҳ хоксорӣ рафт

Пиёда ҳар ки шуд ӣнҷои фалак савор шавад

Чу биҷгр кунад аз теғ заҳр дода ҳазар

Агар ба Хизри талабкор ӯ дучор шавад

Ба он гарми дарин бута об кун дил ро

Ки гули гулоб чу гардид пойдор шавад

Дилӣ ки аз нафаси гарм об шуд соиб

Агар ба хок чакад дар шоҳвор шавад