Тавон ба сабри сари саракашон ба дом кашид
Ки нарми нарми хат аз ҳасан интиқом кашид
зи калаки сунъи ҳамон рӯз офарин бархест
Ки гирди лаъли лабаши хат мшкФом кашид
Ҳамон пар аз гул хамёзааст оғӯшаш
Агар чаҳ ҳола ба бар моҳро тамом кашид
Макун зи бахти сияҳи талх рӯй худ ки нигин
Сёҳрўиии олам барои ном кашид
Касе чу дори дарин анҷуман сарафрозаст
Ки коса аз сар Мансур кард вҷом кашид
зи интиқоми ҳақ эмин намӯд душман ро
зи хасм ҳар ки ба зӯри худ интиқом кашид
зи файзи олами боло чаҳ дар туоне ёфт
Туро ки касби ҳаво бар канор бом кашид
Фиреби зиндагӣ талх дод дояи маро
зи шукрӣ ки ба тифлии маро ба ком кашид
Ба дӣданӣ натавон канаи ишқро дарёфт
Ба як нафас натавон баҳрро тамом кашид
Азин масофи сари он каси барад ки чун хуршед
Ҳазор теғ ба якбор аз ниёам кашид
зи партави назари илтифот мардон аст
Ки гуфтугӯии ту соиб ба ин мақом кашид