Кунун ки нохуни тадбири ман шикаста дамид
зи чашм обилаам хори даста даста дамид
Дарин чаман ки гулаши хор дар бағал дорад
Хушо касе ки чу бодоми чашм баста дамид
Бғири доғ ки сад барги гашт аз нохун
Чаҳ гули маро дигар аз толеъ хуҷаста дамид
зи танггирӣ ин рӯзгор дар аҷабам
Ки субҳи хандаи чисон аз даҳон писта дамид
Чаҳ фитнае ту ки сунбул ба он димоғи баланд
зи шавқи хизмати зулфат камар набаста дамид
Чунон ғубор кудурат гирифт олам ро
Ки субҳи нури зи ойӣнаи занг баста дамид
Назар ба лолау гул чун сияҳ кунам соиб
Маро ки сунбули оҳ аз дил шикаста дамид