Ҳазари зи фитнаи он чашми ним боз кунед
Змизбони сияҳи коса эҳтироз кунед
Агар чу ғунчаи дарин бӯстони з аҳл дилед
Гиреҳи зи ҷабҳаи худ бенасим боз кунед
Ба нози олами пуркор бар наме ойед
з ҳар чаҳ ҳаст дили хеш бениёз кунед
Муҳӣти ишқи ҳақиқӣ дар интизор шумост
Гузар чу сайли баҳор аз пул муҷоз кунед
зи баҳри оинаи сайл сайқалӣ гардад
Муошират ба ҳарифон покбоз кунед
Агар чаҳ теғи шаҳодат баланд парвозаст
з рӯй аҷзи шумо гарданӣ дароз кунед
Замини нарм буд пардаи дори доми фиреб
зи макри душмани ҳамвор эҳтироз кунед
Агар зи кӯтаҳии рӯзи умри дртобид
Ба оҳи нимшби ин риштаро дароз кунед
Қабои сӯратии оби вгл намозӣ нест
Азин либоси броиид чун намоз кунед
з ҳарчӣ ҳаст бапушед чашм чун соиб
Ба рӯй худ дар тавфиқро фароз кунед