Дамид субҳи таҷаллӣ ба ҷон шитоб кунед

зи сардсери ҷаҳони рӯ ба офтоб кунед

Дарин маҳал ки гушӯдааст субҳи дафтари файз

Ситорае з барои худ интихоб кунед

Кунун ки зар ба сипар бахш мекунад хуршед

Чаҳ лозимаст назарро сияҳ ба хоб кунед

Ҳавои олам боло кунед чун шабнам

Басаст чанд иқомати дарин хароб кунед

з рӯй дили бФшонид гирд ҳастӣ ро

Назар ба шоҳиди мақсӯд беҳиҷоб кунед

Магар расед ба побӯси баҳр чун сайлоб

Ба оҳи гарми дили санги хеш об кунед

Иморати нафаси пучро Бақоӣ нест

зи баҳр чанд ҷудои хона чун ҳубоб кунед

зи хӯни дидаи худ май ба соғар андозед

зи ранги чеҳраи худ сайр моҳтоб кунед

Чароғи давлати бедорро фурӯғӣ нест

Назар ба гӯшаи он чашм нимхўоб кунед

зи шеъри мавлавии рӯм чун бипардозед

Муваҳҳидони ғазали соиб интихоб кунед