Доғӣ ки кӯҳро ҷигари гарм лола кард

Гардуни сангдил ба дили мо ҳавола кард

Ҳаркас ки роҳи барад ба кам умрии баҳор

Чун лолаи софи вдрди ҷаҳони як пиёла кард

Лайлӣ ба ин гунаҳ ки ба маҷнӯн гирифт инс

Хоки сияҳ ба косаи чашм ғизола кард

Рухсори ҳамчуи моҳи ту глгл шуд аз шароб

Ҳар ҳалқае зи зулфи турои ҳамчу ҳола кард

Ҳар пора аз дилам ба ҷаҳонӣ фиканд оҳ

Ин Тифли боддст чаҳ бо ин рисола кард

Дарди ҳазор солаи моро ба як нафас

Пери Муғони даво ба шароб дусола кард

Давлати ҳамон ба сояи ман фахр ме кунад

Қисмати маро агар ба сегон ҳам нўолаҳ кард

Соиб намехӯрд ҷигар аз фикри барги айш

Ҳаркас ба дарду доғи қаноат чу лола кард