Дар кӯии ишқ бар рухи кас дар набаста анд
Ин дар ба рӯй муъмин ва кофар набаста анд
Дар пилаи сафои назари хубу бад яке аст
Бар ҳеҷ рӯй оинаро дар набаста анд
Худ байн намешавад наравад хушки лаб ба хок
Ин сади ҳамин ба рӯй Сикандар набаста анд
Бо оташини нафас чаҳ кунад меҳри хомӯшӣ
Ҳаргиз ба муми равзан миҷмар набаста анд
Аз аҳли дил чигуна шуморанд ғунча ро
Ҳаргиз чу аҳли дил ба гиреҳ зар набаста анд
Дар хоки аҳли шавқи ҳамон дар кашокашанд
Монанди хоби нақш ба бистар набаста анд
Соиби дарин чаман ки пар аз нақш дилкаш аст
Нақшии зи хати ёр накӯтар набаста анд