Рӯй туро ба оташи дилҳо биришта анд

Лаъли туро ба хӯн ҷигарҳо сиришта анд

эй шохи гули бибол ки дар мазраъи вуҷӯд

Чун холи дили фиреби ту тухмӣ накушта анд

Зоҳир намешавад ки чаҳ мазмун дилкаш аст

Ҳарчанд хати сабзи турои хуш навишта анд

Дилро ба оби дидаи хўнбори тозаи дор

Кин донаро ба заҳмат бисёр кушта анд

Аз каҷравии Аннани нигаҳро кашида дор

Кин торро ба диққат бисёр ришта анд

Авроқи чархи зер взбр гашта сол ҳо

То нусхаи вуҷӯди ту берун навишта анд

Нони ту чун фатир бимонад дар ин танур

Бо дасти худ хамири ту дар ҳам сиришта анд

Аз дӯдаши офтоби қиёмати забона Эй аст

Дар оташӣ ки донаи моро биришта анд

Ҷамъӣ ки соя бар сар афтодагон кунанд

Дар сояи ҳимояти бол фиришта анд

Эмин машав ки нест магари баҳри имтиҳон

Соиб агар Аннани ту аз даст ҳашта анд