Мардони зи ҷони хеш на осон гузашта анд

Хӯн хӯрдаанд то зи сари ҷон гузашта анд

Гардӣдааст оби дили раҳравони ишқ

То аз пули шикастаи имкон гузашта анд

Фардои бози хост чаҳ осӯда хотиранд

Имрӯзи он касон ки зи сомон гузашта анд

Аз садр то расанд бузургон ба остон

Аз олам остона нишинон гузашта анд

Парвонаи ҳаловат афкор соибанд

Он тӯтӣон ки аз шкрстон гузашта анд