Холи турои зи дидатар сабз карда анд

Ин донаро ба хӯни ҷигар сабз карда анд

Райҳон ба хати пушти лаб ӯ куҷо расад

Кин сабзаи ро баи об гҳрсбзкрдаҳ анд

Сангини дилии ту варна асирон ба оби чашм

Дар мағзи санги тухми шарар сабз карда анд

Монанди тӯтӣони пурваболи маро ба заҳр

Дар орзӯии танги шукр сабз карда анд

Бисёр тухми сӯхтаро дрзмини шӯр

Соҳибдилони зи файзи назар сабз карда анд

Чун бас кунам зи гиря ки нахли маро чу шамъ

Аз баҳри ашки поки гуҳар сабз карда анд

Хушкӣ макун ки нахли туро бо ду сад умед

Хунини дилон барои самар сабз карда анд

Эмини ним зи сарзаниши пои раҳравон

Кишти маро ба роҳгзр сабз карда анд

Дил дар ҷаҳон мабанд ки ин навниҳол ро

Аз баҳри сарзамин дигар сабз карда анд

Ҳаргиз намешавад алафи теғи ҳодисот

Киштӣ ки аз ду дидатар сабз карда анд

Соиби ҳазор косаи пари заҳр хӯрда анд

То номи хеши аҳли ҳунар сабз карда анд