Ин ғофилон ки ҷӯад фаромӯш карда анд
Ороиши вуҷӯд фаромӯш карда анд
Оҳи ин чаҳ ғифлатаст ки перони аҳди мо
Боқади хами суҷуд фаромӯш карда анд
Он нури ғайбро ки ҷаҳон равшанаст азу
Аз ғояти шуҳуд фаромӯш карда анд
Аз мо асрмҷўӣ ки риндони покбоз
Анқо сифат намӯд фаромӯш карда анд
Ҷонҳо ҳавои олам боло наме кунанд
Ин шуълаи ҳосъўд фаромӯш карда анд
Онҳо ки кардаанд з май тавба дар баҳор
Кайфияти вуҷӯд фаромӯш карда анд
Ёди ҷамоатии зи азизони бихири бод
Каз мо ба ёд буд фаромӯш карда анд
Даст аз тамаъ бишӯй ки дар рӯзгори мо
Мисатони сахои вуҷӯд фаромӯш карда анд
Бимоигони зиёни касонро зи суди хеш
Аз иштиёқи суд фаромӯш карда анд
Ҷамъӣ ки аз кафофи зиёдат талаб кунанд
Осонии вуҷӯд фаромӯш карда анд
Осӯдаанд дар ҷигари санг чун шарор
Ҷамъӣ ки аз намӯд фаромӯш карда анд
Соиб хамаш нишин ки дарин аҳди булбулон
зи афсурдагии сурӯд фаромӯш карда анд