Тақдири қатъи ришта тадбир ме кунад

Тадбири содаи лавҳ чаҳ тақдир ме кунад

эй чархи фикри гуруснаи чашмон хок кун

Ин як ду қурси чашм киро сайр ме кунад

Ишқ аз гирифт вагир қиёмат мусаллам аст

Занҷири адлро ки бо занҷир ме кунад

Чун аз видоъ ӯ наравад дасти вдли зи кор

Зӯри камони мушояат тир ме кунад

Юсуф надошт неъмати дидори ӣнқадар

Ҳасани ту чашми оинаро сайр ме кунад

Дод ғурури ҳасани хат сабз ме диҳад

Ин мӯри не ба нохуни ин шер ме кунад

Ҳоҷат ба бода нест шаби моҳтоб ро

Соқӣ чаҳ оби талхи дарин шер ме кунад

Соиби зхти сабзи накӯён дар Исфаҳон

Сайри баҳори хитта Кашмӣр ме кунад