Ҷамъӣ ки зери теғи фанои даст впо зананд
Чун мавҷи пушти даст ба об бақо зананд
Даври қадаҳ ба марказ мо мешавад тамом
Дар маҳфилӣ ки соғари мард озмо зананд
Ҳар қатраи аиши пардаи хоб дигар шавад
Бар рӯй бахти хуфтагар об бақо зананд
Қурсӣ агар ба суфраи равшандилон буд
Зарротро зи партави ҳиммат сало зананд
Санги маломатӣ ки ба равшандилон расад
Гиранд аз ҳаво дар сулҳ всФо зананд
Ҷамъӣ ки рӯй талх кунанд аз қазои ҳақ
Ғофил ки заҳр бар дами теғ қазо зананд
Дорем номае зи дили худ сиёҳтар
Меҳри қабул бар варақи мо куҷо зананд
Соиб ба шишаи хонаи дил санг ме зананд
Онон ки ҳарфи сахт ба рӯй гадо зананд