Онҳо ки дар чамани қадаҳ мл наме зананд

Дасти нишот дар камар гул наме зананд

Расмаст гул ба сақф задани мавсими баҳор

Тифлон чаро ба сақфи қафас гул наме зананд

Ҳастанд чарби внрм ба ҳангоми ахзи вҷр

То теғ мезананд тағофул наме зананд

Дар рӯзгори зулфи парешони навоз ӯ

Сабзони боғи шона ба кокул наме зананд

Бар фарқи сарв ҷой диҳанд ошёни зоғ

Бар санги ғайри байза булбул наме зананд

Хунаш ба ҷӯши омада аз рӯй гарми гул

Аз хори гул чаро раг булбул наме зананд

Зиндон буд ба тӯли амли пешагони ҳирс

Онҷо ки ҳарфи арз таҷаммул наме зананд

Теғӣ кашида аз паии душмани фитода Эй

Озодагон ба хасм тағофул наме зананд

Бемашварат мабош ки саркардагони роҳ

Як гом бесалоҳ таваккул наме зананд

Соиб ғаниматаст ки ин Тифли машрабон

Оташ ба ошиёна булбул наме зананд