Зини пештари матоъи сухан ройгон набӯд
Гирди касодӣ аз паии ин корвон набӯд
Шеъри баланди по ба сари арш май ниҳод
Хуршеди поймол ба ҳар остон набӯд
Минқори баланд ба шукри хандаи боз буд
Дашноми талх дар даҳан боғбон набӯд
Нозук шудааст хотири гул варна пеши азин
Дар гӯши боғи нағмаи булбул гарон набӯд
Номи сиришк май барад воаҳ ме кашад
Чашмӣ ки бе бдиҳаҳи ашк равон набӯд
Риндона кард ақл ки аз базм зуд рафт
Мискини ҳарифи шишаи оташ забон набӯд
Мурғи дили маро ба қафас рабт дигараст
Дар қайди байза буд ки дар ошён набӯд
Аз ман мапурс лиззати оғӯши ёр ро
Дастӣ ки буд дар камараш дар миён набӯд
Соиб чаҳ хуб кард кзоин нокасон бурид
Савдогари қаламрави суд ва зиён набӯд