Рафтӣу хату холи ту аз дил наме равад
Ин нақш дил нишин з муқобил наме равад
Гирди кудурат аз дил бе раҳми гули рухон
Бебол ва пар фишонӣ бсмл наме равад
Як сӯи гузори шарм ки бе рӯй гарми шамъ
Парвона беҳиҷоб ба маҳфил наме равад
Афсурдагон чу санг нишонанд харҷи роҳ
Пой ба хоби рафта ба манзил наме равад
Дилро ба ҳам шикан ки азин баҳри пурхатар
То нашканад сафина ба соҳил наме равад
То ғӯта дар арақ назанад ҷабҳаи Карим
Гирди хиҷолат аз рух соил наме равад
Бепеч ва тоб нест ғуборам чу гирдбод
Аз марги хорхори ту аз дил наме равад
Аз пои шикастагон чароғаст тирагӣ
Занги кудурат аз дил оқил наме равад
Аз давр бош ваҳшати маҷнӯни даври гирд
Соиб ба тўФи бодия маҳмил наме равад