Ҳукми хирад ба мардум маҷнӯн наме равад

Девонааст ҳарки ба ҳомӯн наме равад

Ҳарчанд пери гашт ва Фромўшкор шуд

Бедоди мо зи хотир гардун наме равад

Астодгии зи тезии шамшер ишқ ӯст

Аз захми мо ба зоҳир агар хӯн наме равад

Бетоқатӣ макун ки балои сиёҳи хат

Аз сад ҳазор таббат ворун наме равад

Ҳарҷо ки ҳаст нуқтаи дил , ғам муҳӣт ӯст

Маркази зи ҳукми доир берун наме равад

Анқои зи кӯҳ қоф нахезад баҳои ҳў

Аз санги кӯдакони ғам маҷнӯн наме равад

Мижгони марои зи мади назари баради сайли ашк

Аз пеши чашмами он қад мавзун наме равад

Аз худ бурун шудан натавонанд ғофилон

Пой ба хоби рафта ба ҳомӯн наме равад

Дар вақти хоб беш шавад печу тоби мор

Савдои ганҷ аз сар қорун наме равад

Соиб бисоз бо ғами он зулфи пуршикан

Кин дарди пои шикаста ба афсун наме равад