Дар ҳар дилӣ ки решаи ғам заъфарон шавад

Хандон чигуна аз май чун арғавон шавад

Аз кӯҳ ғам шавад дили аФгори ман сабк

Бори гарон ба киштии ман бодбон шавад

Дарё шавад зи гиряи раҳмати канори ман

Аз чашм ҳар ки қатраи ашкӣ равон шавад

Дар теғ заҳр дода умед ҳаёт ҳаст

Бечораи он ки захмии теғ забон шавад

Худро ба хокбўси ҳадаф бе нафаси расон

Зон пештар ки қад чу тират камон шавад

То ҳаст дар рикоби турои пои иқтидор

Фурсати мада ба нафас ки мутлақ Аннан шавад

Аз гирди серума об надорад дар ӯ садо

Гуё касе ба хоки сафоҳон чисон шавад

Чун ғунча мешавад нафаси булбулони гиреҳ

Соиб агар хамӯш дарин гулистон шавад