Хамӯшӣ меҳр хомӯшӣ занад бар лаби сухани чин ро
Ки созад ғунчаи лаби бастаи кӯтаҳи дасти гулчин ро
Буд аз содаи рӯйони нўхтонро саркашии афзӯн
Ки ваҳшат ҳаст беш аз оҳӯони оҳӯии мишкӣн ро
Буд чун кӯҳкан дар ошиқии собити қадам ҳар кас
Буруни орад ба ҷон бенафас аз санги ширин ро
Яди Байзои зи хиҷлат об шуд чун шамъи кофурӣ
Баровардӣ ту то аз остини дасти булӯрӣн ро
Хусумат бо гаронқадрони сабки мағзӣ буд , варна
Ба оҳӣ май гузорам дар фалохани кӯҳи тамкин ро
Ҳиҷоби нур май сӯзади нигоҳи хираи чашмон ро
Наме бояд ниқоби дигари он рухсори шармин ро
Наяндешанд зи оҳу нолаи ошиқи ҳўснокон
Ки шӯри булбулон кӯтаҳ насозад дасти гулчин ро
Ба зуҳди хушк , зоҳид барнаме ояд зи худбинӣ
Ки набӯд ҷавҳар аз худ баридани теғи чубин ро
Сухан бояд ки бошад он қадрҳо дилнишини соиб
Ки аз мушкили писандон во кашад бе хости таҳсин ро