Тиллоӣ шуд чаман соқӣ бигардон ҷоми заррин ро
Бикаш бар рӯй авроқи хазони дасти нигорин ро
Сари зулфӣ ки дар дунбол дорад хати маъзулӣ
Кам аз хоб парешон нест чашми оқибати байн ро
Нигоҳи содаи лавҳон бар ҳарири хоб май ғалатад
Ҳамеша хор дар ҷайбаст чашми оқибати байн ро
Навой шӯри маҳшари ханда Кебекаст дар гӯшаш
Чаҳ парво аз фиғони ошиқони он кӯҳи тамкинро ?
Дилам ҳар лаҳза аз доғӣ ба доғи дигари овезад
Чу беморӣ ки гирданд зи тоби дарди болин ро
Дили мушкили писанди ман ба гирди он сухан гардад
Ки дили пеш аз забон омода гардад ҳарфи таҳсин ро
Яди Байзо чаро фиръавнро дар остин бошад ?
Ба даст булҳавас мапаснд он дасти нигорин ро
Фалакро мондагӣ аз гардиш худ нест як соъат
Ки аз ранҷи сафар парво набошад хонаи зин ро
Надоранд аҳли ғифлати тоқати майдони аҳли дил
Тавонад қатрае аз ҷои бурдани хоби сангин ро
Маро дар чарх овардааст соиби Тифли хўдроиӣ
Ки аз шухӣ гузорад дар фалохани кӯҳи тамкин ро
Ба ҷои лаълу гавҳар аз замини Исфаҳони соиб
Ба малик ҳинд хоҳад баради ин ашъори рангин ро