Агар чаҳ ранги он гул май барад аз кори гулчин ро
Ҳамон аз шухӣ бӯ мекунад бедори гулчин ро
Ба рӯй ғайр механдаднигор ман , наме донад
Ки рағбат мефазояд аз гул бе хори гулчин ро
Ҳавасро дар ҳарими ҳасани рӯ додан ба он монад
Ки хор аз даст берун оварад гулзори гулчин ро
Маро аз рӯй шарм олуд ӯ равшан шуд ин маънӣ
Ки хоҳад дид он гули пушти сар бисёр гулчин ро
зи қурби булҳавас дар оташам , бо он ки ме донам
Ки хоҳад сӯхтан он оташини рухсори гулчин ро
Ҷигарро дар завқ доғаш кард гарми ъшқбозӣ ҳо
Ба гулшан медуанд гармии бозори гулчин ро
зи қурби булҳаваси сад хор дорам дар ҷигари соиб
Чисон булбул тавонад дид дар гулзори гулчинро ?