Мижгони зи мавҷи ашк гурезон наме шавад
Ҷавҳари зи оби теғ парешон наме шавад
Хор талаб намекашад аз пои ҷустуҷӯ
То гирди бодмҳў биёбон наме шавад
Гардун ба водии ғалатӣ афтода аст
Ин роҳи даври қатъ ба ҷавлон наме шавад
Чашми сияҳи дили ту қиёмат шинос нест
Варна кадоми рӯз ки девон наме шавад
Натавон ба оҳи лашкари ғамро шикаст дод
Ин абр аз насим парешон наме шавад
Пайвастаи ҳамчуи хонаи ойӣна равшан аст
Кошонае ки монеъ меҳмон наме шавад
Натавон гиреҳ ба ашк задани рози ишқ ро
Шабнами ниқоби меҳр дурахшон наме шавад
Маҷнӯни абас ба домани саҳро гурехта аст
Пӯшидаи ин чароғ ба домон наме шавад
Мӯрӣ ки рӯзӣ аз қадам хеш ме хӯрд
Қонеъ ба рӯй даст сулаймон наме шавад
Чин дар каманди зулф фикандан барои чист
Санг аз фалохани ту гурезон наме шавад
Ҷон дод субҳ бар сари як хандаи хунак
Ғофили ҳамон зи ханда пушаймон наме шавад
Дар водӣии фитодаи марои кор дар гиреҳ
Каз захми хор , обила гирён наме шавад
Ғофил машав зи холи таҳи зулфи он нигор
Пайвастаи ин ситора намоён наме шавад
Соиби талоши суҳбати дармони збӣ тиҳӣ аст
Варна кадоми дард ки дармон наме шавад