Сайр аз рухи ту дида ба дидан наме шавад
Гули зини чамани тамом ба чидан наме шавад
Дар дили гиреҳи зи зулф ту дорем шиква ҳо
Кӯтоҳи ҳарфи мо ба шунидан наме шавад
Аз шарми хеш дар пас девор монда ем
Варна ниқоби монеъ дидан наме шавад
Аз оби талх тоза шавад доғи тишнагӣ
Ҳирси шароб кам ба кашӣдан наме шавад
Ҳар чанд модараст ба атфоли меҳрбон
Таҳсили шери ҷуз ба макидан наме шавад
Перии қасоват аз дили золим наме барад
Дили нарми теғро ба хмидн наме шавад
Хам дар хами сипеҳр , абас оҳ карда аст
Кам зӯри ин камон ба кашӣдан наме шавад
Дар гавҳари латиф буд оби биқрор
Ҳайрати ҳиҷоби ашк чакидан наме шавад
Дар ҳасани нақши тани надиҳади дил чу сода шуд
Ойӣнаи ршинос ба дидан наме шавад
Соиби зи бас ки маҳви шукри хоб ғифлат аст
Бедори чашми мо ба паридан наме шавад