Холаши хабари зи сар даҳонам наме диҳад

Зон рози сар ба меҳр нишонам наме диҳад

Шуд бастаи роҳи хайр ба навъе ки он даҳан

Як бӯсаи ошкор ва ниҳонам наме диҳад

Ҳарчанд шуд зи ҳалқаи хати пой дар рикоб

Зулфаши ҳамон ба даст Аннанам наме диҳад

Чун холи сӯхти тухми умеди ман ва ҳануз

Лаъли лабаш ба об нишонам наме диҳад

Бо он ки ъмрҳост парешон ӯст дил

Шерозае зи мӯӣ миёнам наме диҳад

Фарёд каз сиёҳи дилии хати анбарин

Роҳи сухан ба кунҷ даҳонам наме диҳад

Даст аз миёни зулфи ту кӯтаҳ наме кунам

То аз дили рамида нишонам наме диҳад

Дар зер лаб марост суханҳои оташин

Чун шамъи ашку оҳ амонам наме диҳад

Дигар чаҳ воқеъаст ки он чашми хўобнок

Дар пардаи ратлҳои гаронам наме диҳад

Ҳарчанд чун қалами дилам аз дард шуд ду ним

Ҳарфи шикоятӣ ба забонам наме диҳад

Кӣ мекунам назар ба хиромаш ки ҳамчуи мавҷ

Бетоқатӣ ба об равонам наме диҳад

Соиби манам ки кӯҳи ғаму дарди рӯзгор

Астодгӣ ба табъ равонам наме диҳад