Онро ки ишқи бахт ҷавонӣ наме диҳад

Аз ҳодисот хат амоне наме диҳад

Хокистараш чу фохта гуё наме шавад

Ҳар кас ки дил ба сарв ҷавонӣ наме диҳад

Холи ту дар гирифтан дилҳои биқрор

Фурсат ба ҳеҷ мӯр миёнӣ наме диҳад

Дар ҳеҷ бӯса нест ки он лаъли рӯҳи бахш

Ҷонӣ намесетанд ва ҷонӣ наме диҳад

Ранги шикаста кам зи забон шикаста нест

Моро чаҳ шуд ки шарм забонӣ наме диҳад

Хоҳад равони ташнаи мо кор хеш кард

Аз об агар чаҳ Хизр нишоне наме диҳад

Бо хӯн дил бисоз ки чархи сиёҳи дил

Бехӯн ба лолаи сӯхта ноне наме диҳад

Чу Тифли нўсўори сипеҳри сабки рикоб

Ҳаргизи маро ба даст аноне наме диҳад

То ҳамчуи моҳ нав накунӣ қади худ дўто

Ҳаргизи турои фалаки лаб ноне наме диҳад

То қади ҳамчуи тир туро нашканад сипеҳр

Аз қомати хамида камоне наме диҳад

Соиб тиҳӣаст ҷайбу канораши зи барги айш

Ҳар кас ки дил ба ғунча даҳоне наме диҳад