Бар ёди ишқи бори ҳавас метавон кашид
Бар буии гули дуруштии хас метавон кашид
Дар тангнои хоки ҳамин гӯша дил аст
Имрӯзи гӯшае ки нафас метавон кашид
Рафтам ба роҳи ишқ ба умеди бозгашт
Пиндоштам ки пой ба пас метавон кашид
Соқӣ кунад мусалсал агар даври ҷом ро
Хуши ҳалқаҳо ба гӯши асас метавон кашид
Сайёди ишқ агар накушояд дар қафас
Худро зи боли худ ба қафас метавон кашид
Гар ишқи кӯ тиҳӣ накунад хати ботилӣ
Бар дафтари ҳавоу ҳавас метавон кашид
Бе чашми захми сояи теғ шаҳодат аст
Ҷое ки зери оби нафас метавон кашид
Гар содиқаст тишнагии ишқ дар ҷигар
Баҳри муҳӣтро ба нафас метавон кашид
Мутлақ Аннан кунад сафари оби мавҷ ро
Дар май куҷои Аннани ҳавас метавон кашид
Соиби димоғи ҷозиба гар нест норасо
Буии гул аз шикофи қафас метавон кашид