Ҳар каси навое аз ман оташ забон шунид

Афсурда шуд чу замзама булбулон шунид

Дар пардаҳои гӯши гул аз ноз раҳ наёфт

Фарёди ман ки гӯши кар боғбон шунид

Бар оҷизон дароз насозад забон чу тир

Пеш аз ҳадаф касе ки фиғон аз камон шунид

Дар ҳайратам ки аз чаҳ ба гул монад пои сарв

Зини нағмаҳоитар ки зи об равон шунид

Хомӣ буд таваққуъи рӯзии зи осмон

Кӣ зини танури сард касе буи нон шунид

Девона гар нагашт сараши доғ карданӣ аст

Ҳар кас ки васфи хӯбии он длстон шунид

Дар ҳар дилӣ ки ҳасани гулӯи сӯз ӯ гузашт

Буии кабоб аз нафасаш метавон шунид

Соиб гирифт гӯшае аз аҳли рӯзгор

Азбс ки ношуниданӣ аз мардумон шунид