Онҳо ки ба фирдавси рух ёр фурушанд

Аз содагии ойӣна ба зангор фурушанд

Ганҷи ду ҷаҳони қимати як чашм задан нест

Гар зон ки ба зари лиззат дидор фурушанд

Дарди дили бемор ба ҳаркас натавон гуфт

Ин ҷинси гаронро ба парастор фурушанд

Созанди аёни маҳзар бе мағзии худ ро

Ҷамъӣ ки ба ҳам турра дастор фурушанд

Безарқ ва риё нест намози шаби зоҳид

Маъюб буд ҳарчӣ шаб тор фурушанд

Чун Юсуф аз имдоди хасисони Марв аз роҳ

Каз чоҳ бароранд ва ба бозор фурушанд

Мафруш дилиро чу харидӣ ба ду олам

Кин нест матоъӣ ки ба бозор фурушанд

Парвонаи сабақи баради зи булбул ба хамӯшӣ

Ҳайфаст ки кирдор ба гуфтор фурушанд

Бе мағзи гуруҳе ки ба ошуфтаи димоғон

Чун субҳи парешоне дастор фурушанд

Соиб магушо лаб ки ба бозор хамӯшон

Дар ҷайби садафи гавҳар шҳўор фурушанд