Зару сими ҷаҳон дар парда дорад умри коҳӣ ро
Ба қадар фалс бошад хори зери пӯсти моҳӣ ро
Гар аз равшандилоне , сабр кун бар доғи нокомӣ
Ки оби зиндагӣ ҳаргиз наяндозад сиёҳӣ ро
Мадон аз бе гуноҳии гардаони узри нгшоим
Ки май печад ба ҳам хиҷлати забони узрхоҳӣ ро
Макун зинҳори даст аз пои хато ,гар бенишии дорӣ
Ки май пурсанад аз ҳар узв дар маҳшари гувоҳӣ ро
зи шавқи нуқтаи холаш ба гирди каъба май гирдам
Ки раҳ гум карда , Хизрӣ май шуморад ҳар сиёҳӣ ро
Насозад дурбинонро савод аз асли мустағнӣ
Вагарна аз ту дорад чашми оҳӯи хуши нигоҳӣ ро
Абаси парвиз дар ҳамчашмӣ Фарҳод ме кӯшад
Нагирад зари дасти Афшор , ҷои ранги коҳӣ ро
Нашуд жулидаи мӯеи пардаи саргармии маҷнӯн
Наме пӯшади кулоҳи фақр , нури подшоҳӣ ро
Сари хории зи шӯри ишқ холӣ нест дар гулшан
Азу дорад ҳамоно ғунчаи гули каҷи кулоҳӣ ро
Ба ҳиммат ме тавон қатъ таъаллуқ кард аз дунё
Силаҳӣ нест аз шамшери болотар сипоҳӣ ро
Калидӣ нест ғайр аз оҳи боғи хулдро соиб
Макун то май туоне фӯти оҳи субҳгоҳӣ ро