Расонидааст ҳасан ӯ ба ҷое бевафое ро

Ки ушшоқ аз худо хоҳанд тақрйви ҷудоӣ ро

Маро саргашта дорад чашм бе парвои нигоҳ ӯ

Нагардад ҳеҷ кас ёрб ҳадафи тири ҳавоиро !

Туе каз ошноёни гирд бар майоварӣ , варна

Риоят мекунад дарёи ҳуқуқи ошноӣ ро

Замини содаи лавҳони зуд ранг ҳамнишин гирад

Ки дорад гули зи шабнами ёди расм бевафое ро

Хазон бемурувват кард бедодии дарин гулшан

Ки барг айш медонанд мардуми бенавоӣ ро

Бапуш аз худнамоеи чашм агар осӯдагии хоҳӣ

Ки зер пост оташҳои олами худнамое ро

зи ҳарфи ишқи расвоӣ ҷаҳон шуд зоҳиди худбин

Ба аз даҳ парда дорӣ нест ақли рӯстоӣ ро

Шавад чун шона ҳар мӯ бар таниши ангушти зинҳорӣ

Асири зулф ӯ дар хоб агар бинад раҳоӣ ро

Надомат мерасад соиб ба фарёди хатокорон

Ки хӯн дар ноф гардад машки оҳӯии хтоиӣ ро