Бғири хат ки з рӯй латиф ёр барояд
зи об оина нашунида кас ғубор барояд
зи оҳи гарм чаҳ парвост оҳанӣни дил ӯ ро
Ки теғ аз оташ сӯзанда обдор барояд
зи рашки он лаби ёқӯти ранги лаъли Бадахшон
Чу лола аз ҷигари санг доғдор барояд
Ғанӣаст фикри гулӯи сӯзи ман зи силсилаи ҷунбон
Ба пои хештан аз санги ин шарор барояд
Тавон ниҳод ба дил то ба чанд дасти тиҳӣ ро
Ғариб нест агар оташ аз чанор барояд
Маро ба захми забони дили тиҳии з ишқ нагардад
Куҷо ба сӯзани тадбир хорхор барояд
Шикасти ранги гул аз рӯй офтоби мисолат
Чигуна хок нишин бо фалак савор барояд
Атои соқӣ агар бодаро сиблат насозад
зи дасти кӯтаҳи мо чун сабу чаҳ кор барояд
наме тавон дили равшани дурусти баради зи дунё
Чигуна оинаи солими з Зангбор барояд
зи моли риштаи тӯли амл гусаста нагардад
Куҷо ба ганҷи гуҳари печи вхми з мор барояд
Бар ояд ахтари ман соиб аз ваболи замонӣ
Ки тухми сӯхта аз хок дар баҳор бар ояд