Кунад Лайлии чунингар ҷилваи мастона дар саҳро

Шавад ҳар лола бар маҷнӯни ман майхона дар саҳро

Гирифтори муҳаббат рӯй озодӣ наме бинад

Ки мавҷ рег занҷираст бар девона дар саҳро

Биёбонро Ғаззолӣ нест бехалхол чун Лайлӣ

зи занҷири ҷунуни пошидм аз баси дона дар саҳро

Ту каз девонагӣ бебаҳрае , дарюза ме кун

Ки моро чашм шераст оташини паймона дар саҳро

Нагардад ғофил аз аҳволи ошиқи ишқ дар ҳиҷрон

Шавад доғи ғарибии шамъ бар парвона дар саҳро

намегардид ёди шаҳр , маҷнӯни маро дар дил

Агар май доштам аз санги Тифлони хона дар саҳро

Наме андешад аз жулидаи мӯе ҳар ки маҷнӯн шуд

Ки дорад панҷаи шерони муҳайёи шона дар саҳро

Махӯр зи андешаи рӯзии дили худ чун шудӣ маҷнӯн

Ки баҳри ваҳшён кам нест обу дона дар саҳро

Муҳайёи соз аз доғи ҷунуни меҳри сулаймонӣ

Нишаст ва хост кун бо дому дад , ёрона дар саҳро

Чу маҷнӯн дар серум то буд шӯри ишқ , ме омад

Сафири не ба гӯшами наъраи шерона дар саҳро

Ба ҳирси шаҳрёни сад хонаи зар барнаме ояд

зи ибром гадоён дошт ҳотами хона дар саҳро

Ба чашм ҳар ки чун маҷнӯни параст аз ҷилваи Лайлӣ

Буд ҳар гирдбодии маҳмили ҷонона дар саҳро

Макун дар кори мизони ҷунуни санг кам эй маҷнӯн

Гурезӣ чанд аз атфол , номардона дар саҳро ?

Кунун аз сояи ман май Ромади оҳӯ , хушо рӯзӣ

Ки аз нофи ғизолони доштами паймона дар саҳро

зи ёди хаймаи Лайлии ҳамон рӯзам сияҳ бошад

Агар бо дида оҳӯ шавам ҳамхона дар саҳро

зи савдои ончунон соиб ба ваҳшати ошнои гаштам

Ки Хизр ояд ба чашмами сабзаи бегона дар саҳро