Харобии боис таъмир бошад бенавоӣ ро
Ки кӯрии коса дарюза мегардад гадоӣ ро
Кунад бо сахти рӯйони чарби нармии бештари даврон
Буд бо устихони пайванди дигар , мумиёе ро
Набошад як қалами таъсир бо оҳи ҳўснокон
Ба хӯн рангин нагардад болу пар , тири ҳавоӣ ро
Агар дар сайр аз чавгони яди тӯлии тамаъи дорӣ
Дарин майдон чу гӯ таҳсил кун бедасту пое ро
Набошад зи иқтибоси нур , чашми моҳро сирӣ
Илоҳии ҳеҷ кофар нашканад нони гадоӣ ро
Надорад гиряи афсӯс бо аъмоли бади судӣ
Ки дар ҷинси об кардан , мефазояд норавое ро
Ба мағзами буи хӯн меояд имрӯз аз тамошояш
Ки молидаааст бар чашми худ он дасти ҳиноеро ?
Шавад осони дил аз ҷон бар гирифтан дар куҳансолӣ
Ки дар фасли хазон , барг аз ҳаво гирад ҷудоӣ ро
Азон паҳлуи тиҳӣ аз дӯстдорон мекунам соиб
Ки натавонам ба ҷо оварад ҳақи ошноӣ ро