Май мечакад аз чашмаши ҷононаи чунин бояд

Аз гардиш худамастаст паймонаи чунин бояд

Афсӯс намедонад инсоф наме фаҳмад

Аз раҳми дили ҷонони бегонаи чунин бояд

То бол занад барҳами оташи ҷаҳд аз болаш

Муштоқи фанои худпарвонаи чунин бояд

Болӣаст сабки парвози асбоби сарои мо

Дар раҳгузари сайлоби кошонаи чунин бояд

Хиҷлат зада берун рафт сайли аздли вайронам

зи асбоби таъаллуқи поки вайронаи чунин бояд

Аз фикри ду олам шуд дили поки зи ишқ ӯ

Аз қайди садафи фориғи дурдонаи чунин бояд

Аз санг гуҳар чӣанд аз хандаи шукри резад

Ҳангомаи Тифлонро девонаи чунин бояд

Аз нолаи мо ҷустанд аз хоби гронҷонон

Бедории дилҳоро афсонаи чунин бояд

Дар ҷом фалак зад дасти охири дили хунхорам

Онро ки будамӣ хӯни паймонаи чунин бояд

Аз поси адаби ҳаргиз бо шамъ наме ҷӯшад

Гирди дили худгардади парвонаи чунин бояд

Ҳаргиз нашавад хӯн кам аз синаи аҳли дил

Аз хеши برارد май майхонаи чунин бояд

Шуд доираи гардуни паймонаи мо соиб

Машраб чу васеъ афтод паймонаи чунин бояд