Набошад чун тани осонон з хӯрду хоби айши мо

зи ашк ва оҳ мегардад ба обу тоби айши мо

Сари мо гарм аз хӯни ҷигар чун лола ме гардад

Чу бедардон набошад аз шароби ноби айши мо

Агар чаҳ риштаҳо кӯтаҳи зи печ ва тоб ме гардад

Ду боло мешавад доими зи печу тоби айши мо

Ба сайри моҳ аз маҳфил махон парвонаи мо ро

Ки мегардад хунак аз партави маҳтоби айши мо

Макун зинҳори манъи мо зи сайру давр эй носеҳ

Ки аз гардиш ба паргораст чун гирдоби айши мо

Сабаби ҷӯянди баҳри айши мо аҳбоб , азин ғофил

Ки мебошад бурун аз олами асбоби айши мо

Шавад дар ҳалқаи зикри худо , даврони мо комил

Яке сад мешавад чун сбҳаҳ дар миҳроби айши мо

Агар чаҳ файз бисёраст дар тнҳоншинӣ ҳо

Яке сад гардад аз ҷамъияти аҳбоби айши мо

Ту каз хилвати надории баҳраи харҷи анҷуманҳо шӯ

Ки бошад дар садаф чун гавҳари сероби айши мо

Сафои хотир аз мо дар талабкории мҷуи соиб

Ки бошад дар вусӯли баҳр чун сайлоби айши мо