Фалак парвоз созад оҳро дарди гарони мо
Пар симурғ бахшад тирро зӯри камони мо
з бе мағзони хадангаш гарчи паҳлу мекунад холӣ
Ҳамон чун қуръа май ғалатад ба паҳлуи устихони мо
Ба ҷузи ғифлат матоъӣ нест мо гум карда роҳон ро
Ҷарасро чашм хоб олуд созад корвони мо
Ба аҳволи дили сад пораи ошиқ ки пардозад ?
зи тамкин гул намечинанд Тифлон дар замони мо
Садои хандаи гул , кор булбул мекунад соиб
Надорад эҳтиёҷи нағмасанҷӣ гулистони мо