Чандон ки хоби субҳ буд бар ҷавони лазиз

Бедорӣ шабаст ба соҳибдилони лазиз

Пайкони обдори ту чун миваи биҳишт

Гардӣдааст захми маро дар даҳони лазиз

Ҳаст аз таоми лиззати атъоми бештар

Бар мизбон хӯриш шавад аз миҳмони лазиз

Аз бодаи ҷунуни сар ҳар кас ки гарм шуд

Санг маломатаст чу ратли гарони лазиз

Он теғи обдор дар оғӯши захми ман

Дар ком ташнааст чу оби равони лазиз

Андеша аз итоб надорам ки ме шавад

Дашноми талх азон лаб шукр фишон лазиз

Дар пои нахл мива диҳад лиззат дигар

Дашноми рӯбарӯ буд аз длстони лазиз

Моҳии зи об баҳр надорад шикоятӣ

Бошад шароби талх ба михўоргони лазиз

Ин чошнӣ ки даст туро ҳаст ме шавад

Чун нешикари хаданги ту дар коми ҷони лазиз

Ҳар кас ба кимиёии қаноат расида аст

Дар ком ӯ буд чу ҳумои устихони лазиз

Дар коми қонеъи об ҳаётаст нони хушк

Бе нони хӯриш ба манъам агар нест нони лазиз

Он масти нози сӯхти диламро зи интизор

Ғофил ки ин кабоб буд хўнчкони лазиз

Соиби зи файзи чошнӣ ишқ гашта аст

Ашъори обдори ту дар ҳар даҳони лазиз