Поки гавҳарро сзўорсти авҷи эътибор

Дар саворӣ мерасад файзи нигини номдор

Ҳиммати дарёдилони зоҳир ба давлат ме шавад

Дар баландии гавҳар афшон мешавад абри баҳор

Баргро дар бар гризози худфишондан ҷӯад нест

Дарҳаму динорро дар зиндагонӣ кун нисор

Аз зару гавҳари тиҳӣ чашмон намегирданд сайр

Нақш , ҷӯй хушк бошад дар ақиқи обдор

Дили сиёҳонро чаҳ суд аз турраи дастори зар ?

Гӯр зулмоне нагардад равшан аз шамъи мазор

Ғофил аз вақти заволи худ зсри гармӣ шуда аст

Он ки чун хуршед менозад ба авҷи эътибор

Ҷавшан Довӯд гардад сина чун пар рахна шуд

Дил дунем аз дард чун гардид , гардад зулфиқор

Аз бидон некӣ , бадӣ аз некӯон шоиста нест

Ростии айб намоён мешавад дар тири мор

Ҳар ки соиби бори дӯш халқ гардад чун сабу

Дар шикасташи санг май бандади камар дар кӯҳсор