Ману мисрӣ ки шкрхиз буд хоки онҷо
Кӯза шаҳд шавад ҳанзали афлоки онҷо
Дар харобот чаҳ ҳоҷат ба муноҷот ман аст
Даст бардошта доим ба дуои токи онҷо
Дар муҳаббати лаби хушку мижатар боб аст
Ҳизум тар нафурӯшанд зи мисвоки онҷо
Бод дар дасти бурун май рӯм аз саҳройӣ
Ки буд барқ , шикори хасу хошоки онҷо
Дар биҳиштии ғам ӯ дар ҷигарами хори шикаст
Ки наёбанд ба дармони дили ғамноки онҷо
Нафасам танг шуд аз боғ хушо кунҷи қафас
Ки дар файз гушӯдааст з ҳар чоки онҷо
Сафарӣ бо нафас сӯхта дорам дар пеш
Ки ҳисоби нафас субҳ шавад поки онҷо
Соиб аз кӯии харобот ба ҷое наравад
Духтарии хоста аз силсилаи токи онҷо