Софи гаштани зи худии бода нобаст ӣнҷо

Даст шустани зи ҷаҳони олам обаст ӣнҷо

Ҳама аз дарди талаби наъл дар оташ доранд

Кӯҳ чун реги равони по ба рикобаст ӣнҷо

Нест зон гавҳар ноёб касеро хабарӣ

Чашми ғаввоси тиҳитар з ҳубобаст ӣнҷо

Васл , аз ҳайрати саршор , ҷудоӣ шуда аст

Дар дили баҳр , гуҳари толиб обаст ӣнҷо

Фориғ аз гардиш чарханд зи худ бе хабарон

Мавҷи шамшери ҳаводиси раг хобаст ӣнҷо

Дар таҳи гирди ятемии гуҳарӣ пинҳон ҳаст

Пардаи ганҷ буд ҳар ки харобаст ӣнҷо

Ҳар чаҳ аз умр ба ғифлат гузарад умри мадон

Каз нафаси ончӣ шимурдааст ҳисобаст ӣнҷо

намешавад душмани саркаш ба таҳаммули мағлуб

Хок дар куштани оташ ба аз обаст ӣнҷо

Ноз давлат накашанд аҳли қаноати соиб

Камару тоҷ кам аз мавҷ ва ҳубобаст ӣнҷо