Дигар киро кунам аз аҳли дарди муҳаррами роз ?
Ки ранги ман ба забон шикаста шуд ғаммоз
Мабош эмин азон чашмҳои шарм олуд
Ки чашм дӯхта гирад шикори худ ин боз
Чу дид тоқи ду абрӯии ёр , баргардед
Касе ки гуфт раво дар ду қибла нест намоз
Азон з ҳалқа бигӯашон хати мишкӣнам
Ки кард ҳасани турои хати ниёзманди ниёз
зи арзи ҳол дар айём хат машав ғофил
Ки вақти шом буд танг дар адои намоз
Дилӣ ки бо нафаси гарми ишқ об нашуд
зи офтоб қиёмат намеравад ба гудоз
Чунон ки сайли хасу хорро ба дарёи барад
Маро ба ишқ ҳақиқӣ кашид ишқи муҷоз
Ҳубоби монеъи ҷӯшу хурӯш дарё нест
Нагашт меҳр хамӯшӣ ниқоби чеҳраи роз
Турои тараддуд хотир кашидааст ба банд
Ки об мешавад аз мавҷи хеши силсилаи соз
Ба фикри соиб азон мекунанд рағбати халқ
Ки ёд медиҳад аз тарзи ҳофизи Широз