намерасад ба ҳақиқати кас аз сарои муҷоз

Пулӣаст он тарафи об , ишқҳои муҷоз

зи марг бим надорам ки дар қаламрави хок

Азоб қабр кашидам зи тангнои муҷоз

Асири доираи ранг то ба кӣ бошам ?

Дилам чу лола Сайид шуд азин сарои муҷоз

Бапуш хирқаи урёни тании зи ҳазрати ишқ

Ки банди хонаи ғифлат буд радои муҷоз

Мабод ҳеҷ мусулмони асири қайди фаранг !

Бҷон расидаам аз дасти ишваҳои муҷоз

Мабанд дил ба тамошои ин ҷаҳони соиб

Ки як ду ҳафта буд ҳамчуи гули вафои муҷоз