Сари гаронӣҳои ӯро аз ман ҳайрон мапурс

Вазни кӯҳи қофро аз пила мизон мапурс

Зикри ваҳшат , доғи ваҳшати дидагонро нохун аст

Юсуф беҷурмро аз чоҳ ва аз зиндон мапурс

Шӯри баҳр аз лавҳи киштӣ ме тавон чун об хонд

Дар дили сад пора мо бингар аз тӯфон мапурс

Аз сиёҳӣ мешавад сари риштаи гуфтори гум

Зинҳор аз тирагӣҳои шаб ҳиҷрон мапурс

Чашму зулфу қомати он офати ҷонро бибин

Ошиқонро аз дил ва аз дайн ва аз имон мапурс

Аз ҳадафи тири ҳавоиро намебошад хабар

Хонаи брдўшони ғурбатро зи хон ва мон мапурс

Гирдбоди водии ҳайрати зи манзил ғофил аст

Роҳи кӯии Лайлӣ аз маҷнӯн саргардон мапурс

Аз мурувват нест озурдани дили бемор ро

Чун надории чорае , аз дард бедармон мапурс

Барнаме ояд садо аз шиша чун шуд тўтё

Аз дили мо саргузашти сахтӣ даврон мапурс

Нест соиби зоҳид бемағзро аз дили хабар

Аз ҳубоби пучи ҳоли гавҳар ғалатон мапурс