Ҳарфи он ҳасани басомон аз ман маҷнӯн мапурс

Шавкати базми сулаймон аз ман маҷнӯн мапурс

намешавад шқи ҷомаи субҳ аз шикваи офтоб

Боиси чоки гиребон аз ман маҷнӯн мапурс

Нест малики бихўдиро ибтидоу интиҳо

Арзу тӯли он биёбон аз ман маҷнӯн мапурс

Оташ сӯзон намедорад хабар аз захми хор

Тезии хори муғелон аз ман маҷнӯн мапурс

Нахл бебарг аз дами сарди хазон осӯда аст

Сарди Меҳрӣҳои даврон аз ман маҷнӯн мапурс

Санг чун ёқӯт шуд , эмин шавад аз инқилоб

Ҳоли чархи ҳоли гардон аз ман маҷнӯн мапурс

Сангу гавҳар , дидаи ҳайрони мизонро яке аст

Имтиёзи куфру имон аз ман маҷнӯн мапурс

Зини қафас умрӣаст мурғи ваҳшии мо ҷуста аст

Танагии саҳрои имкон аз ман маҷнӯн мапурс

Печу тоби риштаи ҷонро мусалсал ме кунӣ

Қиссаи занҷири мӯён аз ман маҷнӯн мапурс

Барнамеи хезади садо аз шиша чун шуд тўтё

Саргузашти санги Тифлон аз ман маҷнӯн мапурс

Соиби он зулфи парешони сайрро назора кун

Боиси хоби парешон аз ман маҷнӯн мапурс